Шариф Раҳимзода: Корхонаи кимиёвии Ёвон пӯсидааст…
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, корхонаҳои аз замони шӯравӣ боқимонда, ки мавзеи зиёдро ишғол кардаанд, аз байн бардошта мешаванд.
Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар мегӯяд, ба ҷои ин қабил корхонаҳо, ки «ояндадор» нестанд, корхонаҳое бунёд меёбад, ки ба шароити имрӯз мутобиқанд. «Ҳоло таҳлил рафта истодааст. Корхонаҳое, ки оянда надоранд, онҳоро мебардоранд ва ҳудуди онҳоро ба дигарон медиҳанд, то дар он мавзеъ корхонаҳои ба шароити бозор мувофиқ сохта шавад. Масоҳати корхонаҳои замони шӯравӣ бунёдшуда аз ҳад калон буда, гектар-гектар ҷойро гирифтаанд. Бубинед, як корхонаи кимиёвии Ёвон чӣ қадар ҷойро ишғол кардааст. Ин корхона пӯсидааст, рехта истодааст».