Қатъи алоқа бо Хоруғ бозори «Тоҷиктелеком» - ро гарм кардаст
«Тир»-и ба сими алоқа дар Бадахшон расида, иртиботи ширкатҳои мобилии хусусиро қатъ карда, тиҷорати ширкати давлатиро суръат бахшидаст.
Сокинони Бадахшон мегӯянд, дар ҳоле, ки алоқа тавассути ширкатҳои хусусии мобилӣ дар шаҳри Хоруғ ва навоҳии атрофи он қатъ аст, талабот ба хизматрасонии ширкати давлатии «Тоҷиктелеком», ба маротиб афзоиш ёфтаст. Асрор, як сокини ноҳияи Шуғнон мегӯяд, мардум бо хариди карта тавассути хизматрасонии ширкати «Тоҷиктелеком» бо хешовандонашон дар тамос шуда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, талаботи зиёд боис шудаст, ки дар нуқтаҳои тамос баъзан навбатҳои дароз ташкил меёбад.
Маврид ба ёдоварист, чанде қабл Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба суоли рӯзноманигорон дар бораи сабабҳои қатъи алоқа бо Хорӯғ чанд далелу фарзияро пеш овард, ки бовар кардан ба онҳо номумкин аст.
Дар ҳамин ҳол, 18 рӯз боз алоқа бо телефони мобилӣ бо Хоруғ қатъ гардида, сокинони шаҳр барои гуфтугӯ ва огаҳ шудан аз вазъи саломатии пайвандонашон ё аз телефонҳои хонагӣ истифода мекунанд, ё масофаи дарозро тай карда ба Рӯшон меоянд ва тамос мегиранд.