Сафири ҶАҶ ба Зарифӣ эътимоднома супорид
Рузи гузашта, 9-уми август Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Шириш Манаклал Сониро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ дар рафти сӯҳбат тарафҳо масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба, ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои гуногун, табодули назар намуданд.
Зимнан, Зарифӣ изҳори умедворӣ намуд, ки Сафири кишвари дӯст дар рафти адои вазифаи худ барои таҳким ва инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ саҳми сазовор хоҳад гузошт.