Ду садама дар шимоли кишвар ҷони ду ноболиғро гирифт
Дар вилояти Суғд бар асари ду сониҳаи нақлиётӣ ду ноболиғ ба ҳалокат расидааст.
Тавре ба хабарнигори Озодагон аз раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, ронандаи сабукрави «Опел-Вектра» Фирдавс Қурбонов (соли таваллудаш 1985), сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Масчоҳ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи автомобилгарди Хуҷанд-Бӯстон-Чаноқ бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, Мубин Сангинов, сокини деҳаи 40-солагии Дилварзро пахш кардааст. Бар асари ҷароҳатҳои вазнин ноболиғи 10 сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Ҳамчунин, тибқи иттилои манбаъ, рӯзи гузашта, 8-уми август сарнишини автомашинаи тамғаи «Зил-130» Муқим Қодиров (соли таваллудаш 1977), сокини ҷамоати деҳоти Овчи Калъачаи ноияи Бобоҷон Ғафуров аснои ҳаракат бо кӯчаи Авезов, дар рӯ ба рӯи манзили истиқоматии №40, бехатарии воситаи нақлиётро риоя накарда, Сумая Тоҳироваи 7 соларо зер кардааст. Ноболиғ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.