Муҷоҳидини олмониро ба зиндон меандозанд
Додситонии федеролии Олмон нисбати Томас У қарори айбдорӣ бароварда ӯро барои ҳамдастӣ бо созмони террористии “Толибони муҷоҳиди Олмон” (Deutschen Taliban Mujahideen - DTM) муттаҳам кардааст.
Дар ин бора сомонаи расмии ин ниҳод хабар медиҳад. Томас У, ки ҳамагӣ 26 сол доштааст, бино ба маълумоти тафтишот ба ин созмони террористӣ шомил буда, ҳатто аз декабри соли 2009 то июни соли 2010 ба бошгоҳи террористон дар марзи Афгонистону Покистон рафта, тартиби истифода аз яроқ ва маводи таркандаро бо мақсади доир намудани амалҳои даҳшатафканӣ омӯхта будааст.Ҳамчунин, ӯ дар таҳоҷум болои пойгоҳи низломии Амрико дар Кобул дар авохири соли 2009 ширкат доштааст. Баъдан, ба ташвиқи ҷиҳод аз тариқи интернет шурӯъ карда, аъзои навро ба созмонашон ҷалб мекардааст.
Гуфта мешавад, ҳанӯз соли 2010 Томас У аз сӯи пулис дар Туркиё боздошт шуда, ба Олмон авохири моҳи майи соли равон интиқол шуда буд ва то ин замон дар маҳбаси муваққат нигоҳдорӣ мешуд.