Русҳо узви “Ал Қойида?!”. Аҷиб аст
Пулиси Испаниё 3 нафар террористонро даст гирифтааст, ки ба гурӯҳи “Лашкари Тойиба”, ки як шохаи “Ал Қойида” дониста мешавад, шомил будаанд.
Муқаррар карда шудааст, ки 2 нафари инҳо шаҳравандони Русия будаанд.Бино ба маълумоти тафтишот, ин 3 нафар барои омодасозиву роҳандозии амалоти даҳшатафканӣ дар ҳудуди Испаниё ва дигар малоики аврупоӣ муттаҳам мешаванд. Пулис дар манозили зисти ин нафарон маводи тарканда пайдо кардааст.Террористони гумонбар аз гӯшаҳои гуногуни Испаниё боздошт шудаанд. Ду нафарашро дар сарҳад бо Фаронса ва саввумиро дар манзили зисташ даст гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ҳар сеи инҳо даро бошгоҳҳои террористии Афғонистону Покистон дарс омӯхтаанд ва якеаш мутахассиси варзидаи абзори тарканда ва заҳрҳо будааст.