20 ҳикояи "Маснавии маънавӣ" ба сурати намоишнома чоп мешаванд
Маҷиди Ростӣ,нависандаи адабиёти кӯдакону навҷавонон ва Раиси Анҷумани кӯдаку навҷавони Эрон ба хабарнигори "Форс" гуфтааст, ки аз чанд вақт пеш навиштани намоишномаҳои кӯтоҳро барои навҷавонон оғоз кардаам.
Ӯ афзуда, ки ҳудуди 20 достони "Маснавии Маънавӣ"-и Мавлоноро ба сурати намоишнома ба нигориш дар хоҳам овард,ки ҳамаи онҳоро дар ояндаи наздик ва дар як маҷмуаи дуҷилдӣ мунташир кунам.Маҷиди Ростӣ сабаби рӯй оварданаш ба ин риштаро чунин шарҳ додааст:солҳои охир дар кишварамон нигориши китоб ба сурати намоишнома барои навҷавонон бисёр кам шудаааст,ки муътақидам, ки бисёре аз адибон,ки метавонанд дар ин арса асар нависанд, бояд ба ин амр таваҷҷуҳ кунанд.Вай гуфтааст,ки дар ин маҷмуа аз аксу тасвирҳои кучаку содда истифода мешавад.
Ёдовар мешавем,ки "Маснавии Маънавӣ"-и Мавлоно пур аз ҳикоёти ҷолибу рангин аст,ки мутолиаи онҳо барои навҷавонон аз аҳамияти зиёде бархурдор мебошад.