Бонки Миллӣ бо саррофон муборизаро тақвият мебахашад
Абдуҷаббор Ширинов, раиси ин ниҳоди молӣ амали бисёри саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе, ки долларро аз нишондоди дар лавҳа навиштаашон қимматтар мефурӯшанд ғайриқонунӣ хонд.
Ӯ мегӯяд: «Дар ҳолате, ки дар лавҳа як чӣ навишта шудасту дар асл саррофон бо дигар арзиш кор мекунанд, ин ба қоидаҳои хариду фурӯши асъор мувофиқ нест ва ғайриқонунӣ аст». Айни ҳол арзиши як доллар зимни фурӯш дар лавҳаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор 4,84 ё 4,85 сомонӣ нишон дода шудаст. Аммо бисёри саррофон як доларро ба ивази 4,87 ва ҳатто 4,88 сомонӣ мефурӯшанд
Раиси Бонки миллӣ ин амали саррофонро бевиҷдонию фиреби рӯйирост гуфта, таъкид намуд, ки минбаъд чораандешиҳоро дар ин самт густариш медиҳанд: «Мо ҳақ надорем, ба раванди муайян намудани қурб дар нуқтаҳо дахолат кунем. Онро соҳибони нуқтаҳои мубодила бо фармони қурб муайян мекунанд ва дар овезаҳо нишон медиҳанд. Вақте дар овеза қурб нишон дода шуд, фурӯшандаҳои нуқтаҳои мубодилаи асъор ӯҳдадоранд он нишондодро риоя кунанд. Корманди нуқтаи мубодилаи асъор ҳақ надорад, ки зимни харидуфурӯши асъор ба як кас 5 дирам арзонтару ба дигар қимматтар фурӯшад. Бояд аз рӯи нишондоди овезаи нуқтаи мубодилаи асъор фаъолият кунад».