Тазоҳурот аз Пешовар то Вазиристон. Ба наздикӣ
Садҳо ҳазор эътирозкунанда ҳамалоти паҳподҳои (ПАҲПОД-парандаи ҳидоят пазир аз дур) амрикоӣ ба покистониро маҳкум мекунанд.
Ҳизби "Таҳрики инсофи Покистон" қасд дорад барои эътироз ба ҳамалоти “ПАҲПОД”- ҳои амрикоӣ ба хоки ин кишвар, тазоҳуроти 100 ҳазор нафарии байналмилалиро аз Пешовр то минтақаи қабилайии Вазиристон ба роҳ андозад. Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Лоҳур, ин рфаҳпаймоии бузург қарор аст дар моҳи сентябри соли равон аз Пешовар шурӯъ ва то минтақаи Мироншоҳ идома пайдо кунад.
Ба гуфтаи муъовини раиси ҳизби "Таҳрики инсоф", ҳамоҳангиҳои лозим дар бораи ин маросим, ки қарор аст 23 сентябр баргузор шавад, бо артиш ва дигар ниҳодҳои дахлдор анҷом шуда аст.Ин раҳпаймоӣ аввалин тазоҳурот дар навъи худ аст, чун Вазиристон маҳалли ҳузури ниманизомиёни толибони Ал-қоида буда ва рафтуомади афрод ба он бо маҳдудиятҳое рӯ ба рӯ аст.
Ба гуфтаи Андалиб Аббос, дабири итилоърасонии "Таҳрики инсоф", ин ҳизб бо кӯмаки як созмони мардумниҳоди Англия дар ҳоли сафарбар кардани нерӯҳо аз Аврупо ва Амрико барои ширкат дар ин тазоҳурот аст.Вай афзуд: ҳадафи мо аз ин ҳаракат, эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми ин минтақа ва ҷамъоварии итилоъоти дасти аввал дар бораи қурбониёни ин ҳамалот аст.Аббос гуфт: Агарчӣ гуфта мешавад, ки дар ин ҳамалот танҳо террористҳо ҳадаф қарор мегиранд, аммо мо мехоҳем, худамон ба ин мавзӯъ пай бибарем.
Покистон то кунун борҳо ҳамалоти ҳавопаймпҳои бидуни сарнашини Амрико ба манотиқи қабилайии худро маҳкум ва унвон карда, ки теъдоди зиёде аз ғайринизомиён дар ин ҳамалот кушта мешаванд.Аммо амрикоиҳо ин амалиётҳоро барои муқобила бо ниманизомиён бо аҳамият дониста ва ҳозир ба таваққуфи он нашудаанд.