Муовини вазири дифоъи Русия ба Тоҷикистон ташриф меорад
Анатолий Антонов дар садри як ҳайати ҳукуматии ФР ба Душанбе меояд.
Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъи кишвар ба Озодагон хабар дод, номбурда рӯзи панҷшанбеи 9-уми август барои анҷоми як сафари серӯза вориди пойтахт мешавад. Баррасии созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии сафари гурӯҳи кории мақомоти Русия унвон мешавад: «Ҳайати даҳнафарии мақомоти Русия муддати се рӯз масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ-фаннӣ миёни Тоҷикистону Русия ва бахусус атрофи тамдиди созишномаи фаъолияти пойгоҳи 201 дар қаламрави Тоҷикистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад.
Манбаъ афзуд, ин ҳайат нахуст бо мақомоти вазорати дифоъ ва баъдан бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳанд кард ва хулосаҳои худро пешниҳод хоҳанд кард.Зимнан, иттилоъ дода мешавад, ки барномаи комили сафари ин ҳайат пас аз вуруди онҳо ба Тоҷикистон дақиқ хоҳад шуд .