Мавзуна Чориева дар финали Лондон-2012
Мавзуна Чориева дар олимпиадаи Лондон дар даври ¼ ниҳоӣ аз рӯи намуди бокс дар вазни то 60 кило рақобат намуда ба финал роҳхат гирифт.
Барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни занон, ки бар асоси қуръакашӣ бидуни рақобат ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта буд, шоми дирӯз, 6-уми август, бо Ченг Донги хитойӣ, барандаи дукаратаи медалҳои нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ба ринг баромад. Рақобат миёни ду боксчии шинохтаи ҷаҳон ба нафъи муштзани тоҷик Мавзуна Чориева анҷом ёфт.
Маврид ба тазаккур аст, ки ин сабқатро тоҷикистониён тариқи телевизион тамошо кардан два дар экран хуб намудор буд, ки қади варзишгари чиноӣ аз Мавзуна болотар буд, аммо муштзани тоҷик тавонист, ки зарбаҳояшро моҳирона ба ҳадаф расонад. Рақобат миёни ҳардуи варзишгар бисёр пуршиддат ва тамошобоб сурат гирифт. Чориева аз рӯи натиҷаи холҳо бо ҳисоби 13:8 (2:2, 2:1, 4:3, 5:2) ғолиб дониста шуд.
Пас аз ин пирӯзи Мавзуна Чориева ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт ва муборизаро барои ба даст овардани унвони қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ идома медиҳад. Гуфта мешавад, ки ғолибони даври чаҳорякниҳоӣ, ки ба нимфинал мебароянд, ҳадди ақал соҳиби медалҳои биринҷӣ мешаванд.
Ёдрас менамоем, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои сиюми тобистонаи олимпӣ дар Лондон 16 варзишгар дар ҳафт ришта - бокс, варзиши сабук, гуштии озод, дзюдо, таэквандо, тирандозӣ ва шиноварӣ Тоҷикистонро шомиланд, ки аксари онҳо аз идомаи рақаобат аллакай маҳрум гаштаанд.