Ховалинг: Корхонаҳои тавлиди тилло сокинони таҳҷоиро ба кор намегиранд
Зимни як сафари корӣ ба мавзеи Шугнови ноҳияи Ховалинг Эмомалӣ Раҳмон, президенти ҷумҳурӣ, таъкид аз он намуда буд, то баҳри ба ҷойи кори доимӣ таъмин намудани мардуми кӯҳистон, шумораи коргаронро дар корхонаҳои коркарди тилло аз шумораи сокинони маҳаллӣ зиёд бояд кард.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои Қодир Валиев, раиси ноҳияи Ховалинг, дар ҳоли ҳозир дар 6 корхонаи коркарди тилло дар ин мавзеъ зиёда аз 1200 нафар коргарон ба кор фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора, 50 фоизашро мардуми бумӣ ташкил медодааст: «Рӯзҳои наздик дар корхонаи казонии давлатии «Тиллои тоҷик» қитъаи нави корӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки тибқи нақшаи пешакӣ беш аз 200 нафар коргари дигарро фарогир мешавад. Дар назар аст, ки ҳамаи ин коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шаванд».
Бино ба иттилои манбаъ, музди миёнаи маоши коргарон дар ин корхонаҳо то 1500 сомониро ташкил медиҳад. Аммо сокинони ноҳия шикоят аз он доранд, ки дар корхонаҳои мазкур бо сабабҳои гуногун, мардуми таҳҷоиро тақрибан ба кор намегиранд.