Ванҷ: Мактабҳо саросар бо компютер таъминанд
Мушкилоти оби сокинони деҳаи Хаспо пушти сар шуд.
Тавре ба «Озодагон» Зиёратшо Пиров, райиси дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ванҷ иттилоъ дод, тайи панҷ соли ахир бо дастгирии ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми қаламрави ноҳия корҳои созандагӣ ва ободонӣ вусъати нав пайдо кардаанд.Пиров афзуд, дар мавзеи Хаспо-Баравни ноҳия канали обрасонӣ ва хати оби ошомиданӣ мавриди истифода қарор гирифта, дар рустоҳои Баравн, Раву Жовид се бинои нави мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ бунёд гардид. Бино ба қавли манбаъ, ҳамаи мактабҳо бо синфҳои компютерӣ мучаҳҳаз шуда, қариб дар кулли деҳаҳои ноҳия бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, клубу китобхона ва зиёда аз 20 нуқтаи савдо сохта шудаанд .