8 нафар ба ҷурми дипломфурӯшӣ маҳкум шуданд. Устодон ва хушнависон
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд аз ҷумла ду муаллими донишгоҳро дар қаллобӣ ва таҳияву фурӯши дипломҳои сохта гунаҳкор донист ва аз 14 ҳазору 600 то 32 ҳазор сомонӣ ҷарима таъин кард.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии Озодагон дар суди вилоятӣ иттилоъ доданд, аз 8 нафари ҷаримашуда, ба шумули ҷонишини мудири шӯъбаи таълимии Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд – Дилрабо Солиева ва Мақсадой Солиева, мудири шӯъбаи фарҳанги Донишгоҳи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар Хуҷанд дипломҳои қалбакии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ва РОСНОУ (Донишгоҳи нави Русия) - ро таҳия намуда, бар ивази маблағ ба шаҳрвандони таҳсилнадида мефурӯхтанд.
Ҳамин тавр, додгоҳи Хуҷанд Ҳаким Турдиев, муовини сарвари ҶММ “Ахтари Суғд”-ро 32 ҳазор сомонӣ, нафақахӯр–Нина Каменева 28 ҳазор, Валерий Бронников–барномасози компутер дар як бахши “Амонатбонк”, ба 16 ҳазор, Дилбар Тошматова–мудири бойгонии ДДХ 16 ҳазор, Мақсадой Солиева 14 ҳазору 600, Дилбар Солиева –ҷонишини мудири шӯъбаи таълимии ДДХ 14 ҳазору 600, Муқим Рустамов – мудири анбори ДДХ ва Давлат Давлатов – муҳандиси сохтмон дар Донишгоҳи кӯҳии металургии Тоҷикистон дар шаҳри Чкаловро16 ҳазору 600 сомонӣ ҷирима баст. Аз ин афрод Нина Каменева ва Муқим Рустамов бинобар ҳусни хати зебо доштан ба пур кардани дипломҳо (бар ивази 50 сомонӣ) ҷалб шудаанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки додгоҳи Хуҷанд ин афродро мутобиқи бандҳои 247 “қаллобӣ” ва 340-и КҶ ҶТ- “сохтакории ҳуҷҷатҳо” гунаҳкор донист.