То охири соли равон барои муҳоҷирони тоҷик роҳи нав ва харитаи нави муҳоҷират боз мегардад.
Дар ин бора Сафиалло Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати кишвар зимни як ҳамойиш иброз дошт. Ба гуфти ӯ, кишварҳои араб, Корея, Беларус, Қатар аз ин баъд имкон доранд, ки муҳоҷирони ҳамватани моро қабул намоянд: «Созишномаи ҳамкорӣ дар самти муҳоҷират бо ҳамаи ин кишварҳо вуҷуд дорад ва амалишавии созишномаҳо аз дигар кишварҳо, кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон низ вобастагӣ дорад. Рӯзҳои наздик коршиносҳоямонро барои баррасии ин масъала ба Кореяи ҷанубӣ мефиристем».
Ҳоло барои аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик роҳи ягонаи муҳоҷират Федератсияи Русия аст ва бархе коршиносон дар ин самт кушодани роҳҳои навро бо дигар кишварҳо мусбат арзёбӣ менамоянд.