Сӯҳбати дуввуми телефонии Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамид Карзай
Рӯзи гузашта (5-уми август) президентҳои Тоҷикистону Афғонистон сӯҳбати телефонӣ анҷом додаанд.
Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳамид Карзай иттилоъ медиҳад. Дар хабарномаи он аз ҷумла омадааст, ки “ҳарду ҷониб рӯи авзоъи минтақа, амнияти сарҳадот ва ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар арсаҳои мухталиф табодули назар намуданд.”
Маврид ба ёдоварист,миёни Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои афғони ӯ ин дуввумин сӯҳбати телефонӣ аст, ки пас аз шурӯъи нооромиҳо дар шаҳри Хоруғи Бадахшони Тоҷикистон сурат мегирад.Сарварони ду давлати ҳамсоя роҷеъ ба вазъи Бадахшон ва хатароти эҳтимолии убуру мурури марзи муштарак аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи тоҷик радду бадал карданд. Ҳомид Карзай баъд аз шурӯъи амалиёти низомӣ дар Хоруғ нахустин раҳбари хориҷие буд, ки бо Раҳмон дар тамос шуд ва пешниҳоди кӯмак кард.