Як шаҳрванди ҷумҳурии исломии Афғонистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар ноҳияи Қумсангир боздошт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, сокини ин давлати исломӣ, аснои убури ғайриқонунии марз ба даст афтод. Гуфта мешавад, Абдулвоҳид валади Ҳамраалии 50- сола, сокини вилояти Қундуз, деҳаи Ирсӣ, вулусволии Имом-соҳиб айни замон дар ягон ҷо кор намекардааст. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз дохили борхалтааш маводи нашъадори «бангдона», ки вазнаш 49 килогамму 516 грамм ва «ҳашиш» ба миқдори 5,4 грамм дарёфт ва мусодира карда шуд.