«Гаҳвораи заррин». Сайре ба Лангари Кӯҳистони Мастчоҳ
Нашриёти “Меъроҷ” асари нави адиби тоҷик Шоҳмирзо Хӯҷаев (Хоҷамухаммад)-ро бо номи “Гаҳвораи заррин” ба чоп расонд.
Дар асари мазкур, аносири далелу исбот, масалу мақол, илму дин, назму наср, ҳаҷву фантастика чун тору пуд ба ҳам омехта, дар ниҳоят навиштае хонданӣ ба бор омадааст, ки кас аз мутолиаи он манзараи Лангари Мастчоҳ ва шуҷоату набардҳои рустамонаи сокинонашро пеши чашм хоҳад дид. Фирдавси Аъзам, шоир ва нависандаи ҷавони тоҷик мегӯяд, дар ин асар адиб аз нозукиҳои рӯзгори мардуми деҳаи Лангари Кӯҳистони Мастчоҳ ба хонанда иттилоъ дода, онро метавон шиносномаи Лангар донист.
Дар пешгуфтори асар, шоири тоҷик Маликнеъмат мегӯяд, ки “Фалсафаи “Гаҳвораи заррин” ҳар нафареро, ки гунаҳкор ва баландандеш бошад, сӯи худ роҳ намедиҳад, пок ва мубарро чун дили ҳар фарди кӯҳистон аст.”
Маврид ба ёдоварист Шоҳмирзо Хӯҷаев, узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон буда, муаллифи китобҳои “Сурмаи дил” (бо ҳаммуалифии фарзандаш-Шоҳмансур), “Гулшани дилҳо” ва “Қасидаи ҷавонмардӣ” аст. “Ахтари зулматсӯз” асари ҷаҳорумини ӯст, ки аз рӯзгору корномаи Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, зиндаёд Наврӯз Раҷабов ҳикоят мекунад.
Шоистаи зикр аст, ки Шоҳмирзои Хоҷамуҳаммад барои китоби “Ахтари зулматсӯз” ва ҳамчунин асари этнографии “Сурмаи дил”, аз тарафи Академияи Қафқоз барандаи ду нишони ин ниҳоди мӯътабар - Ҷоизаи Лермонтов ва 200 - солагии пайвастани Қафқоз ба Русия шудааст.