Ифтори Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе. 3-юми август
Шоми гузашта Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар қароргоҳи фиристодаи ин кишвар дар Душанбе ифтори рамазонӣ баргузор намуд.
Ин ифтор бо тасмими хоси доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил, сафири Арабистони Саудӣ доир гардида, дар он намояндагони мақомоти баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи иҷроияи президент, вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ, Маркази исломӣ ва як қатор шахсиятҳои бонуфузи кишвар ширкат доштанд.
Ҳамзамон, дар ин ифтори рамазонии саудӣ роҳбарону масъулини намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ҳам дар ифтори рамазонии саудӣ ширкат доштанд. Ҳозиринро дар қароргоҳаш, фиристодаи Ходими ҳарамайни шарифайн дар Тоҷикистон доктор Бандар Муҳаммад Ҷамил ва ҳайати дипломатҳои саудӣ пазироӣ намуданд.
Маврид ба ёдоварист, Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ягона намояндагии расмии дипломатӣ аз миёни 22 кишвари арабӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2010 ба ин сў фаъолият дорад. Қабл аз фарорасии моҳи Рамазон Подшоҳи ин кишвари мусулмонӣ- Абдуллоҳ ибни Абдулазиз чун соли гузашта ба миқдори 200 тонна маводи ғизоӣ ва хурмои арабӣ ҳамчун кўмаки башардўстона барои мардуми камбизоат дар Тоҷикистон ирсол намуда буд.