Кӯдаконе, ки шири модар мехӯранд 2,5 маротиба камтар бемор мешаванд
Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати хизмтарасониҳои тиббӣ ба модару кӯдаки Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, духтурони ташвиқгари ғизои сунъӣ аз тоҷирони ин намуди маҳсулот манфиат мегиранд.
Раҳматуллоев даъворо, ки баъзе ғизоҳо метавонанд шири модарро иваз кунанд, сафсата хонд: «Ҷойи шири модарро ҳеҷ ғизое гирифта наметавонад, чунки дар таркиби шири модар ҳуҷайраҳои зинда аст». Ин масъули вазорати тандурустӣ мегӯяд, бо вуҷуди ҳушдорҳояшон, ки тифлон бояд то синни ду солагӣ шири модар хӯранд, бисёриҳо инро сарфи назар мекунанд.
Раҳматуллоев мегӯяд, ба далели ғизои нодуруст имрӯз дар кишвар аз се як кӯдак қадпаст ба воя мерасад: «Лоғарӣ миёни тифлон ба 4,5% ва камвазнӣ ба 8,4% расидааст. Камхунӣ вобаста ба синну сол то синни шашмоҳагӣ аз 48 то 50% -ро ташкил медиҳад».
Ба хулосаи табибон, кӯдаконе, ки танҳо шири модар мехӯранд, 2,5 маротиба камтар ба бемориҳои гуногун дучор мешаванд ва дар шаш моҳи аввали ҳаёташон бо сабаби дарунравӣ дар муқоиса бо кӯдакони истеъмолкунандаи дигар намуд ширҳои сунъӣ 25 маротиба камтар мефавтанд.