Президенти собиқро дар коррупсия гунаҳкор карданд
Додгоҳи Муғулистон собиқ райисҷумҳури ин кишварро барои чор сол равонаи зиндон кард.
Намбарин Энхбаяр бо иттиҳоми ришвахорӣ муттаҳам шуд. Энхбаяр қариб ҳудуди 10 сол-то соли 2009 Муғулистонро роҳбарӣ мекард. Ӯро моҳи апрели соли равон боздошт карданд. Президенти собиқ ҳукми додгоҳро сохтаву сиёсӣ номида изҳор доштааст, ки аз болои он шикоят хоҳад бурд.