Садамаи нақлиётӣ ба марги ноболиғи 10 сола сабаб шуд
Бар асари як сониҳаи нақлиётӣ дар вилояти Хатлон пиёдагарди ноболиғ ба ҳалокат расид.
Тавре аз дафтари матбуоти ВКД ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, субҳи имрӯз, 3-юми август, тахминан соати 09:16 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Ҳабибулло Шоймардонови 28 сола, сокини деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ҷамоати деҳоти Зафар ба сӯйи ҷамоати деҳоти Ғайрат дар ҳудуди деҳаи Қарақчӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Наврӯзҷони Зайниддин, сокини деҳаи Қарақчӣ, хонандаи синфи 3-юми мактаби миёнаи №54-ро пахш намудааст. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои зиёд пиёдагарди 10 соладар беморхона ба ҳалокат расидааст.