Эмомалӣ Раҳмон дар Люксембург
Боздиди райисҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳри Венаи Австрия ба анҷом расид.
Пас аз ширкат дар Маҷмаи Ҷаҳонии Иқтисодӣ Эмомалӣ Раҳмон дар раъси ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба Люксембург парвоз кард. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии президент дар ин ҷо мулоқоти Раҳмон бо нахуствазиру соири мақомоти раҳбарии ин кишвар дар назар аст. Рӯзи 10-уми июн бошад, ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон Люксембургро ба қасди сафари Маҷористон тарк хоҳанд кард.
Боздиди расмии Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳони ӯ аз кишварҳои аврупоӣ рӯзи 12-уми июн ба анҷом мерасад.