Беш аз 50 қонуншиканӣ аснои тақсими замин ба қайд гирифта шуд
Хариду фурӯши замин дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ манъ аст.
Дар робита ба ин масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯянд, имсол дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии хариду фурӯш, истифодаи ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионӣ ҳангоми тақсимоти замин чораҳои мақсаднок андешида шуда, 55 ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ошкор карда шудааст.
Бино ба иттилои агентии мазкур дар нимсолаи аввали соли равон, ин гунна омилҳои мазкур мавриди санҷиш ва тафтиши пешакӣ қарор дода шудааст. Ҷиноятҳои зикргардида дар ҳудуди вилояти Хатлон 25 ҳолат, вилояти Суғд 8 ҳолат, шаҳри Душанбе 4 ҳолат ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 18 ҳолат ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ инчунин таъкид кард, ки вобаста ба масъалаи зикргардида ахбороти алоҳидаи муфассал ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.