Масъулини ҳукумати ноҳияи Шаҳристон аз нақби дар ин минтақа бунёдшаванда дидан карданд.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, онҳо ба нақбканон маводи ғизоӣ, аз қабили 250 кг орд, 150 кг гӯшт, 200 килограмм сабзӣ, пиёз ва картошка, 100 кг биринҷ, макарон ва 30 кг равғани растанӣдастовез бурданд.
Бояд гуфт, ки ҳоло дар нақби Шаҳристон кандани нақби нақлиётию ҳаводиҳӣ ба охир расида, танхо корҳои ободонию бетонкунӣ боқӣ мондааст, ки 665 нафар мутахассисону коргарон фаъолият мебаранд, то дар мӯҳлати муқарраршуда иншоотро ба истифода супоранд.
Ҳамчунин, корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузории чорабинии ифтитоҳи нақб дар варзишгоҳи шаҳри Истаравшан идома дошта, ободонии мавзеъҳои аҳолинишин, рангубори биноҳо ва дарахтони шафати роҳ амалӣ гардидааст. Қад-қади шоҳроҳи нақлиётии Айнӣ-Шаҳристон-Истаравшан, матни шиору навиштаҷот, овезаҳои ҷашнӣ омода гардидаанд.