ХБМ: Тоҷикистон дар радифи Ӯзбакистону Туркманистон ҷой мегирад
Тоҷикистон бо мунтазам масдуд кардани дастрасӣ ба торнамо ва саҳафоти интернетӣ худро ба радаи кишварҳои «душмани интернет» наздик мекунад.
Дар ин бора Созмони Хабарнигорони бидуни марз аснои пахши як изҳорот иброз доштааст. ХБМ ҳамчунин эълом доштааст, ки Тоҷикистон бо мунтазам сонсур кардани интернет дар як радиф бо ҳамсояи худ Қазоқистон қарор гирифтааст ва дар ниҳояти амр метавонад, бо Ӯзбакистону Туркманистон баробар ҷой бигирад. Изҳороти Хабарнигорони бидуни марз баъд аз баста шудани сомонаи хабаргузории “Азия-Плюс”, хабаргузории русии “РИА Новости” ва чанд сайти дигар пахш шуд.
Аз оғози амалиёти низомӣ дар Бадахшон мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Дар давоми даҳ рӯзи ахир баъд аз амалиёти Хоруғ сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд.