Аз таъсисёбии бригадаи десантии зарбавии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон 15 сол пур шуд.
Ба ин муносибат дар пойгоҳи қисми низомии десантӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорбинии мазкур масъулини Вазорати дифоъ, собиқадорони ҷанг ва интернатсионалистҳои Афғонистон, намояндагони низомии кишварҳои хориҷ, модарон ва пайвандони сарбозон ширкат доштанд.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВМ иттилоъ доданд, дар чорабинӣ сарбозони бригадаи мазкур, силсиламашқҳои ҳарбӣ, аз қабили бархурд бо террористон ва озоднамоии гаравгонон, гузаштани монеаҳо ва маҳви террористон, муҳорибаҳои тан ба тан аз усули шаркӣ ва дигар намуди машқҳоро намоиш доданд.
Дар қисмати расмии ҷамъомад бошад, намояндагони Вазорати дифоъ ва раёсати қӯшунҳои зудамали қувваҳои мусаллаҳ бригадаи десантии зарбавии қӯшунхои зудамали Вазорати дифоъро яке аз шохаҳои асосии мудофиавии қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ карда, нақши афсарону сарбозони онро дар таҳкими амнияти дохилӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки иҷрои вазифаҳои душвори ҷангӣ ва амалиётҳои махсусан муҳим ва мураккаб ба дӯши онҳо вогузор шудааст. .