Вазири дифои Амрико дар Урдун вазъи гурезаҳои Сурияро баррасӣ мекунад
Леон Панетта, вазири дифои ИМА имрӯз ба Урдун сафар кард.
Мақсади ин сафар мулоқот бо шоҳ Абдуллои дуюм перомуни вазъияти Сурия ва ҳолати фирориёни сурӣ дар Урдун маънидод мешавад. Панетта, ки қаблан аз Тунис, Миср ва Исроил боздид ба амал овард, қабл аз сафар ба Урдун ба журналистон гуфт, ки ҳар ду ҷониб аз печидагиҳои қазияи Сурия нигарон ҳастанд. Ба қавли вазир Амрико ва Урдун дар якҷоягӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, ки масъули кӯмак ба осебдидаҳои хушунатҳо дар Сурия ҳастанд, ҳамкориҳои густурдаеро роҳандозӣ хоҳанд кард.
Тибқи маълумотҳо феълан беш аз 145 ҳазор мардуми Сурия дар Урдун паноҳ мебаранд. Рӯзи якшанбе дар ноҳияи Мафраки Урдун боз як лагер таъсис ёфт, ки қобилияти ғунҷонидани ҳудуди 120 ҳазор паноҳандаро дорад.
Бино ба омори раёсати СММ дар умури фирориён аз оғози низоъҳо дар Сурия ин кишварро зиёда аз 276 ҳазор аҳолии осоишта тарк кардаанд. Бештари ин афрод дар Урдун, Туркия ва Лубнон паноҳ мебаранд.