Тими футболи духтаронаи Суғд дубора фаъол шуд
Дирӯз, якуми август дар мактаби бачагону наврасони шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раъно Бобоҷонова, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо дастаи яккачини футболбоздухтарони вилоят баргузор гардид.
Дар мулоқот мудири шӯъбаи кор бо занон оид ба мушкилоти духтарон пурсон шуда, изҳор намуд, ки шӯъба омода аст, барои ҳалли проблемаи онҳо кӯмак намояд.
Бояд гуфт, тими яккачини духтарони футболбози вилоят аз 18 нафар иборат буда, духтарон аз шаҳру ноҳияҳои Қайроққум, Хуҷанд, Қонибодом, Спитамен ва Мастчоҳ ҷамъ омаданд.
Дастаи мазкур соли 2005 таъсис ёфт, аммо тайи чанд соли охир аз сабаби набудани шароит аз фаъолият боз монд. Бо дастур ва супориши Қоҳир Расулзода, райиси вилоят дастаи мунтахаби футболбоздухтарони Суғддигарбора фаъол гардида ва дар сабқати ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро касб намуд.