Садама сабаби марги ду ноболиғ шуд
Сониҳаи нақлиётӣ дар шимоли кишвар ҷони ду кӯдакро гирифт.
Тавре ба Озодагон аз раёсати ВКД дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, Ҳасан Ғаниеви 32 сола, ронандаи сабукрави «Опел-Астра», сокини кӯчаи Куршеви ноҳияи Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Баҳористон дар рӯ ба рӯи ҳавлии №29, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста ба пойдевори ҳавлии мазкур бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофирони автомашина фарзандони ноболиғи ӯ Муҳаммадсолеҳ Ғаниев, соли таваллудаш 2009 ва Марям Ғаниева, соли таваллудаш 2011 ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.