Муҳоҷирони тоҷикро забони кореягӣ меомӯзонанд
Имрӯз, 2-уми август Сафиалоҳ Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷират бо Юу Ҷей Чоп, директори ташкилоти байналмилалии «Ҳамкорӣ ва тараққиёт»-и Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард.
Тавре аз Хадамоти муҳоҷират ба Озодагон иттилоъ доданд, аснои сӯҳбат ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ ҷиҳати фарогирии муҳоҷирони мехнатӣ ба омӯзиши забони кореягӣ ба мувофиқа расиданд. Сардори Хадамоти муҳоҷират аз ҳамкорӣ бо ин ширкати байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ ва интиқоли нерӯи корӣ, хадамот омодааст, ки дар оянда Созишномаҳои меҳнатиро бо ширкатҳои бонуфӯзи Кореяи Ҷанубӣ ба имзо расонда, хамкориҳоро дар ин самт вусъат диҳад. Манбаъ мегӯяд, директори ташкилоти байналмилалии «Ҳамкорӣ ва тараққиёт»-и Кореияи Ҷанубӣ дар навбати худ омодагии хешро оид ба ташкил намудани курсҳои кӯтоҳмудати омӯзиши забони кореягӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, иброз дашт.