Дар Кобул ҳафт ҷангиро маҳв карданд
Дар шаҳри Кобул нерӯҳои амниятӣ ҷангиёнеро, ки қасди муҳосираи яке аз биноҳои маркази Афғонистонро доштанд, маҳв кардаанд.
Тибқи иттилои расида, ҷангиён ҳафт нафар будаанд. Хабаргузориҳо менависанд, ки нерӯҳои давлатӣ манзилеро, ки ҷангҷӯён қарор доштанд муҳосира кардаанд. Чанд ҷангӣ худро мунфаҷир карда, афроди боқимонда ҳангоми задухӯрд кушта шудаанд. Аз маҳалли ҳодиса миқдори зиёди маводи тарканда ва аслиҳа мусодира шудааст. Намояндагони хадамоти амниятӣ гуфтаанд, ки дар пайи ин даргирӣ нерӯҳои давлатӣ хисороти ҷонӣ надорад.
Мавриди ёдоварист, ки 15-уми апрели соли равон ҷангиён муваффақ шуданд, ки се биноро дар шаҳри Кобул муҳосира намоянд. Он замон бар асари задухӯрдҳо беш аз 50 нафар ба ҳалокат расид, ки 15 нафарашро кормандони пулис ташкил медод.