Тоҷикистон 40403,6 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона гирифтааст
Бино ба иттилои Агентии омор Тоҷикистон тайи шаш моҳи сипаришуда аз 31 кишвари хориҷи дуру наздик ба маблағи 40403,6 ҳазор доллар ёрии башардӯстона дарёфт кардааст.
Манбаъ мегӯяд, ҳаҷми умумии ин кӯмакҳо 12271,2 тоннаро ташкил дода, аз ҷумла 8487,7 тоннаи он орд (ба маблағи 3967,1 ҳазор доллар) ва 514,9 тоннаи дигарро равғани растанӣ (799,4 ҳазор доллар) ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ба маблағи 17709,7 ҳазор доллар дорувор ва 705,3 ҳазор доллар либосу пойафзол ва кӯрпаю болиш, дастгоҳҳои тиббӣ, асобобҳои маишии электронӣ, таҷҳизоти компютерӣ ва ғайраҳо мебошад.
Беш аз 45 дар сади ҳаҷми умумии кӯмакҳо ба ИМА рост меояд. Миср (5,2%), Нидерланд (4,5%), Латвия (4,0%), Ҷумҳурии Корея (3,7%), Эрон (3,3% ), Олмон (3,1%), Чин (3,1%), Фаронса (3,0%), Дания (1,9%) низ дар феҳрасти кишварҳои кӯмаккунанда ҳастанд. Аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил Русия (12,9%), Қазоқистон (3,5%) ва Қирғизистон (1,5%) ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона фиристодаанд.