Дар асоси тақвими чорабиниҳои варзишӣ дар Бозиҳои ХХХ-юми олимпии Лондон-2012, имрӯз, 1-уми август, ду варзишгари тоҷик, дар ду риштаи варзиш ҳунарнамоӣ мекунанд.
Парвиз Собирови 32 сола, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба дзю-до ва барандаи роҳати Бозиҳои олимпии Лондон-2012, дар риштаи дзюдо дар даври 1/16-ниҳоӣ дар вазни то 91 кило бо Мелони Робертои итолиёвӣ қувваозмоӣ мекунад.
Ҳамчунин, варзишгари дигари тоҷик, Анвар Юнусов, қаҳрамони Тоҷикистон оид ба бокс, дар ринг дар вазни 56 кило бо Оскар Валдеси мексикоӣ рақобат хоҳад кард.
Ёдрас менамоем, ки пас аз гузашти чор рӯзи мусобиқот, варзишгарони 43 кишвар барандаи медалҳои олимпӣ шуданд. Феълан, дар ҳисоби умумидастаӣ ҷумҳурии халқии Чин бо 23 медал (13 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст. Варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ 23 медал (9 тилло, 8 нуқра ва 6 биринҷӣ) мақоми дуюмро касб кардаанд. Мунтахаби Фаронса бошад 11 медал (4 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ) дар зинаи сеюм қарор доранд.
Дар маҷмӯъ, варзишгарони 20 кишвар дар чор рӯзи мусобиқот ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Лондон сазовор шудаанд. Чин 13 медали тилло, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 9, Фаронса 4, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ ва Қазоқистон 3, Италия, Олмон, Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) 2, Ҷопон, Австралия, Руминия, Бразилия, Маҷористон, Нидерланд, Украина, Гурҷистон, Литва ва Словения 1 медали тиллоии мусобиқотро соҳиб шудаанд.