Ба оилаҳои ниёзманди Ванҷу Дарвоз 116 га замин ҷудо гардид
Рӯзи гузашта дар Душанбе таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии президент нахуст Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 баррасӣ шуд. Мутобиқи ин санад Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ барои 3 соли оянда мутаносибан дар ҳаҷми 42,1 миллиард, 48,2 миллиард ва 54,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Суръати рушди иқтисодӣ дар соли 2013 ба андозаи 7,4 ва ду соли дигар 7,5% бояд таъмин гардад. Қурби асъори миллӣ бошад дар 3 соли оянда дар доираи 4,90, 4,94 ва 4 сомонию 99 дирам ба як доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Зимнан, барои муҳокима лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳияи нав пешниҳод гардид. Тавре зикр гардид, шумораи андозҳо дар лоиҳаи нав 10 адад муқаррар шудааст, ки нисбат ба кодекси амалкунанда 11 адад кам мебошад. Дар лоиҳаи кодекси нави андоз расмиёти андозбандӣ ва ҳисоботдиҳӣ хеле соддаю шаффоф пешбинӣ шудааст ва ҳадафи асосии он баланд бардоштани адолатнокию самарабахшӣ, сабук намудани бори андозҳо ва тавассути зиёд кардани шумораи андозсупорандагон ғанӣ гардондани буҷети давлат аст. Кодекси нави андоз тибқи нақша аз 1 январи соли 2013 сар карда, то соли 2017 бояд зина ба зина пурра мавриди амал қарор дода шавад.
Ҳамзамон, ба мақомоти иҷроияи ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40 гектар замин барои тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба 272 оилаи ниёзманд ва 76 гектар барои 758 оила дар ноҳияи Ванҷи ҳамин вилоят ҷудо карда шуд. Тавре зикр гардид, давоми соли равон барои мардуми ҳамаи шаҳру ноҳияҳои дигари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қитъаҳои замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо шуда буд.