Убайдуллоев тоҷиронро дигарбора ба инсоф дар моҳи Рамазон даъват кард
Имрӯз, 30-юми июл дар макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ оид ба масъалаи ғановати анвои маҳсулоти бозори истеъмолӣ сурат пазируфт.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе ба «Озодагон» гуфт, дар ҷаласа бештар риояи талаботи санади меъёрии ҳуқуқӣ - Қарори раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ёдовар мешавем, тибқи ин қарор дар моҳи Рамазон танҳо ба фурӯшгузории дувоздаҳ намуди маҳсулот: як кило гӯшти гов 29, гӯшти говмеш 19, гӯшти гӯсфанд 30, як халта орди навъи «Шамалған»-и истеҳсоли Қазоқистон то 110, 1 литр равғани растанӣ то 8, як кило биринҷи ватанӣ то 7, як кило шакар то 5, 1 литр шир то 3, як кило картошка то 2, як кило сабзӣ то 2,2, як кило пиёз то 1,1 ва 1 дона тухм то 0,6 сомонӣ дар ҳамаи бозорҳои шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ муқаррар шуда буд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ин зимн қабл аз ҳама дар асоси таҳлилҳои реалӣ ба кулли шахсони воқеию ҳуқуқии дар тадбиқи Қарори мазкур бо ҳисси масъулият ва ташаббуси шахсӣ муносибат намудаанд, аз номи роҳбарияти шаҳр изҳори сипосмандӣ намуда, соҳибкорону тоҷирон ва директорони бозорҳои коммуналию хусусие, ки баҳри ғановати дастурхони сокинон ба фурӯшгузории маҳсулоти зикргардидаро аз рӯи нархҳои муайянгардида таъмин накардаанд мавриди интиқод қарор дод.
Бо эродҳои воқеӣ нисбати фаъолияти Комиссияҳои доимоамалкунандаи ҷамъиятии аз ҳисоби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, сархатибу имомхатибони масҷидҳои шаҳр ва намояндагони ВАО барои назорат ва омӯзиши болоравии нархҳои маҳсулоти ниёзи аввалия созмонёфта, масъулинро муваззаф сохт, ки дар доираи Муроҷиатномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе «Даъват ба адлу инсоф» ба савдо гузоштани маҳсулоти зикргашта аз ҷониби тоҷирону соҳибкорон, дар иҷрои вазифаву масъулияти ба зимаашон вогузоршуда бо масъулияти том муносибат намоянд.