Нобиноёни Ҳисор то ҳанӯз нафақаашонро нагирифтаанд
Амиршо Ғаффуров, раиси маҳалли комбинати нобиноёни ноҳияи Ҳисор мегӯяд, масъулини ноҳияашон дар моҳи Рамазон ба маъюбон на танҳо хайру саховате накардаанд, балки ҳаққи онҳоро саривақт надода истодаанд.
Ғаффуров мегӯяд, 157 нобинои минтақаашон бо вуҷуди он, ки моҳ сипарӣ шуда истодааст, ҳанӯз ҳам нафақа нагирифтаанд: «Мо ҳозир ягон кор надорем. Рузамон ба нафақа мондаст. Ба дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муроҷиат намудем, аз он ҷо ба масъулини ноҳия супориш доданд, ки нафақаамонро диҳанд. Бояд дирӯз медоданд. Аммо ҳанӯз нафақаамонро нагирифтаем».
Ба қавли номбурда дар Душанбею Хатлону дигар ҷойҳо нафақахурон тавассути корт аз 1-ум то 5-ум нафақаашонро мегиранд: «Дар мо бояд то санаи 10-ум нафақаро оварда супоранд. Аммо чанде пас ид мешаваду мо ҳанӯз онро нагирифтаем».
Амиршо Ғаффуров мегӯяд, ин бори аввал нест, ки масъулин зимни додани нафақа ба нобиноён таъхир мекунанд. Ӯ афзуд, ки соли 2007 низ ба чунин ҳолат дучор омада буданд, он замон танҳо баъди муроҷиат ба райисҷумҳур мушкилашон ҳал шуд.