Раиси «Барқи тоҷик»: Хоҳишманди болотар бурдани нархи барқ ҳастам
Абдулло Ёров, раиси ширкати «Барқи тоҷик» харидории барқро аз нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1 ва 2, ки якумӣ ба Русия ва дуюмӣ ба Эрон тааллуқ дорад, зараровар гуфт.
Ба қавли Ёров аз ин нерӯгоҳҳо барқро бо нархҳои хеле қиммат харидорӣ намуда истодаанд. Ба гуфтаи ӯ қисме аз барқи харидаи нерӯгоҳҳои Сангтӯда 1 ва 2 зимни интиқол ва фурӯш талафоти техникию тиҷоратӣ меёбад, ки зарари «Барқи тоҷик»-ро дучанд мекунад: «Мо ҳар килловат барқи «Сангтӯда-1»-ро зимни истеҳсол дар чарха 11 дирамӣ мехарем. Бо назардошти 14 фоизи талафоти техникӣ ва тиҷоратӣ, ки ҳудуди 10 фоиз аст, ҳар дирами ин нерӯгоҳ то 15 дирам меғалтад. Барқи «Сангтӯда-2»-ро бо нархи 16 дирам мехарем, ки бо назардошти талафоти техникию тиҷоратӣ хеле қимматтар меғалтад».
Ин дар ҳолест, ки худи «Барқи тоҷик» барқи аз ин нерӯгоҳҳо харидаро ба муштариёнаш арзонтар мефурӯшад.
Тибқи нархномаи нав, аз аввали апрел як киловатт барқ барои муштариёни саноатию ғайрисаноатии кишвар 26,63 дирам, муштариёни соҳаи буҷавӣ - коммуналӣ, нақлиёти барқӣ ва марказҳои варзишӣ 10,63 дирам, барои бахши хоҷагии обу обёрикунӣ 1,88 дирам муайян шудаст. Истифодаи як киловат барқ дар буғхонаҳои давлат 19,5 дирам ва бахши хусусӣ 65,88 дирам нархгузорӣ гардидааст.
Раиси «Барқи тоҷик» гуфт, хоҳишманди болотар бурдани нархи барқ аст, аммо ин кор ояндаи наздик дар назар нест.