Се рӯз боз дар Душанбе намойишгоҳи панҷуми байналмилалии «Интерлегпром -2011» идома дорад.
Дар ин намоишгоҳ таҷҳизоти гидроэнергетикӣ, хӯроквориву пӯшок, нӯшобаҳои гуногун, маҳсулоти заргарӣ ва маҳсулоти ороишӣ аз 30 ширкати ватаниву хориҷӣ ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар намоишгоҳи мазкур мардум бештар ба молу маҳсулоти ширкатҳои украинӣ ва афғонӣ таваҷӯҳ менамуданд.
Синои Асадулло, фурӯшандаи ширкати «Оура»-и Украина ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, ширкати мазкур ба истеҳсоли 64 намуд собун машғул буда, феълан дар ин ярмаркаи байналмилалӣ 60 намудаш ба фурӯш гузошта шудааст, ки нисбати нархи бозорҳои Душанбе ба ҳисоби миёна 20% арзон аст. Номбурда арзиши собунҳоро аз 2 то 7 сомонӣ унвон кард ва афзуд, ки сифаташон баланд аст.
Бахтназир, масъули корхонаи заргарии «Хабари Хуш»-и Афғонистон мегӯяд, бо вуҷуди хароҷоти зиёди интиқол ва пардохти гумрукӣ нархи молҳои заргарӣ, аз қабили гӯшвор, дастпона ва гарданбандро нисбати бозорҳои Тоҷикистон арзонтар пешкаши мардум намудаанд. Номбурда як сабаби паст будани нархи маҳсулоташонро ба молиёти нисбатан ками кишварашон рабт медиҳад ва мегӯяд, дар Афғонистон аз тиҷорати кӯчак молиёти кам меситонанд ва ҳолатҳое мешавад, ки дар оғози тиҷорат боз дастгирӣ ҳам мекунанд.
Ширкати «Виктория Проект»и – давлати Чехия бошад дар ин ярмаркаи байналмилалӣ асосан таҷҳизотҳои гидроэнергетикиро ба фурӯш гузоштааст. Ба иттиллои масъулини ин ширкат онҳо аз рӯи лоиҳае, ки ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намуданду қабул гардидааст, дар чанд навоҳии кишвар нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта истодаанд ва тасмим гирифтаанд, дар сохтмони 12 нерӯгоҳи хурдӣ дигар дар шаҳри Ваҳдат саҳми худро гузоранд. Хуршед Абдуллоев, директори ширкати «Виктория Проект Душанбе»-и чехӣ ин ширкатро аввалин ширкати хусусии хориҷие, ки дар бахши энергетикаи хурди Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, унвон намуд ва қайд кард, ки маблағи умумии лоиҳае, ки бояд амалӣ шавад 500 ҳазор евраро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки молу маҳсулоти ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо нархи нисбатан арзон дар ин намоишгоҳ ба маърази тамошо гузошта шудааст, вале иштироки мардум кам ба мушоҳида мерасад. Намойишгоҳи мазкур шоми имрӯз ба анҷом мерасад.{jathumbnail off}