Арабистони Саудӣ эҳтимол Лондонро тарк намояд
Раҳбарияти ҳайати Арабистони Саудӣ маъмурони баргузории бозиҳои ХХХ Олимпиро ҳушдор додааст, ки агар барои варзишгарзанони ин кишвар иҷозаи ширкат бо ҳиҷобро надиҳанд, бо нишони эътироз Лондонро тарк хоҳанд гуфт.
Telegraph Sport аз қавли намояндаи Кумитаи байнулмиллалии Олимпӣ навиштааст, ки маъмурони баргузории бозиҳои олимпӣ аллакай эътирозномаи раҳбарияти ҳайати Арабистони Саудиро дарёфт кардаанд.
- Дар кӯтоҳтарин мӯҳлат мо бо онҳо гуфтушунид хоҳем кард ва ин масъаларо баррасӣ менамоем,-гуфтааст намояндаи КБО.
Лозим ба таъкид аст, ки барои нахустин бор аст , ки Арабистони Саудӣ занони кишварро иҷозат додааст, то ба майдон биёянд ва аммо бо риояи талаботҳои Ислом. Аммо КБО бо ҳиҷоб рӯи майдон омадани гӯштигирзанони арабро бехатар надониста, онҳоро ба майдон роҳ надодаанд.