Тамдиди мӯҳлати оташбас дар Бадахшон. То фардо
Ба гурӯҳҳои мусаллаҳ фурсат дода шуд, ки то рӯзи шанбе силоҳҳои худро ба замин гузоранд.
Дар ин бора як манбаъи наздик ба ҳукумати вилояти Бадахшон, ки аз ифшои номаш худдорӣ мешавад, ба «Озодӣ» иттилоъ додааст. Ба қавлӣ ӯ вазъ ба сурати умумӣ дар Хоруғ ором аст ва гаштугузори мардум дар хиёбонҳо ҳангоми рӯз бештар шудааст: «Мағозаҳо боз ҳастанд ва субҳи имрӯз терминали Хоруғ ба кор шурӯъ кард ва аз истгоҳи нақлиёти инҷо мусофирон ба тарафи Душанбе ҳаракат карданд.
Дар ҳамин ҳол як масъули ВКД гуфтааст, ки аз охирин таҳаввулот дар мавриди замонати оташбас онҳоро дар ҷараён нагузоштаанд. Вай афзуд, ки дирӯз мебоист 8 нафар силоҳи худро ба кормандони умури дохилаи Бадахшон месупориданд, вале онҳо ба маҳал ва замони таъйиншуда ҳозир нашуданд.Ин манбаъ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир сӯҳбат сари таслими силоҳ нест, зеро гурӯҳҳои созмонёфта дар қадами аввал мунтазири иҷрои талабҳои пешниҳодкардаашон ҳастанд.