Ҷонон Икромӣ аз олам чашм пӯшид
Имрӯз дар Душанбе Ҷонон Икромӣ, яке аз олимони шинохтаи тоҷик аз дунё даргузашт.
Дар ин бора Диловар Икромӣ, писари марҳум ба хабаргузории Озодагон иттилоъ дод. Профессор Икромӣ тайи 4 соли ахир аз бемории шадид ранҷ мебурд. Ҳамин тавр, пас аз бемории дуру дароз дили Ҷонон Икромӣ дар синни 76-солагӣ аз задан боз монд. Ҷанозаи ӯ дар мазори Сари Осиёи пойтахт ба хок супорида шуд.
Ҷонон Икромӣ писари адиби маъруф Ҷалол Икромӣ аст. Ӯ 12-уми июли соли 1936 дар Душанбе таваллуд ёфтааст. Ӯ мактаби № 7-и шаҳри Душанберо бо медали тилло хатм намуда, ба факултаи кимиёи Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломаносов дохил мешавад. Баъди итмоми донишгоҳ ба аспирантура роҳхат гирифта, рисолаи номзадиро низ дар пойтахти СССР-и собиқ ҳимоя мекунад. Пас аз чанд муддат ба Душанбе баргашта дар Институти кимиёи АУ ба кор сар кардааст.
Гуфта мешавад, ба қалами Чонон Икромӣ беш аз 200 мақолаи илмӣ ва илмиву таҳқиқотӣ мансуб аст. Ба замми ин ӯ дар соҳаи илми кимиё чанд кашфиёту ихтироот низ кардааст.