Нуралиев: Лоиҳаи «Роғун» мумкин тағйир ёбад
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, маблағгузории «Роғун» - ро дар нимсолаи аввал кам накардаанд ва нимсолаи дуюм ҳам дар назар нест.
Ӯ мегӯяд, имсол барои лоиҳаҳои энергетикӣ аз ҷумла Роғун ҷудо намудани ҳудуди 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ дар назар аст: «Аз ин дар нимсолаи аввал 556 миллионаш ҷудо шудаанд. Ҳамаи он созишномаҳое, ки бо пудратчиҳо таъминкунандагон баста шудаанд, амалӣ мешаванд, корҳои барқарорсозӣ идома доранд. Ягон хел берунравӣ аз нақшаи иҷроиши корҳои барқарорсозӣ пешбинӣ нашудаст».
Дар мавриди ихтисори дастаҷамъонаи кормандони нерӯгоҳи «Роғун» Нуралиев таъкид кард: «Мо дар масъалаи сохтмони «Роғун» бо мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории зич дорем. Бонки ҷаҳонӣ айни ҳол асоснокии техникӣ – иқтисодии нерӯгоҳро омӯхта истодааст ва мӯҳлати анҷоми он майи соли 2013 муайян шудаст. Агар ягон корҳо дар майдончаи сохтмонӣ барои асосноккунии техникӣ – иқтисодии нерӯгоҳ монеа мешаванд ё метавонанд мӯъҷиби якдигарнофаҳмӣ гарданд, мо тамоми чораҳоро меандешем то ин корҳо мувақаттан қатъ шаванд».
Нуралиев мегӯяд асоснокии техникии иқтисодии Роғун, ки Бонки ҷаҳонӣ мегузаронад барои Тоҷикистон хеле муҳим аст:«Мо аз ҷониби худ тамоми корҳоро мекунем то асоснокии техникии иқтисодии «Роғун» бо тарзи лозима ҷараён гирифта, саривақт анҷом ёбад».
Нуралиев таъкид кард, ки дар нерӯгоҳ танҳо корҳои барқарорсозӣ маблағгузорӣ шуда истодаанд, зеро асоснокии техникии иқтисодии он ҳанӯз пурра анҷом наёфтааст ва имкони тағйирот дар лоиҳа вуҷуд дорад. Бино ба ин сохтмони иншооти нав маблағгузорӣ намешавад.