Амрико аз либосҳои «made in China» даст кашиданист
Чанде қабл дар эфири ширкати телевизионии «NBC»-и Амрико расми муаррифии либоси тими мунтахаби олимпии ИМА баргузор шуд.
Ин либосро қарор аст варзишгарон 27-уми июл, рӯзи ифтитоҳи бозиҳо ба бар намоянд.
Аммо баъди ҳамагӣ чанд соат дар Вашингтон сару садоҳои зиёде паҳн гардид. Маълум гардид, ки тарроҳ ва омодакунандаи либоси варзишгарон - Кохи тарроҳии «Ралф Лорен»-и Амрико дӯхти онҳоро дар Хитой ба роҳ мондааст.
Ҳамчунин, журналистони шабакаи телевизионии «АВС» дар ин либосҳо навиштаҷоти «Дар Чин истеҳсол шудааст»-ро дидаанд. Ин ҳолат миёни роҳбарият ва аъзои Конгресси Амрико вокуниши шадид дошт. Бархе сенаторҳо иддао мекарданд, ки «ин либосҳоро бояд дар як ҷо ҷамъ кард ва оташ зад».
Дар хамин ҳол, Патрик Сандаски, намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии ин кишвар гуфтааст: «Дар қиёс ба аксари тимҳои мунтахаби ҷаҳон, яккачини Амрико ба таври мустақил маблағгузорӣ мешавад. Мо ба сарпарастон барои кӯмакҳояшон сипос мегӯем ва аз ҳамкорӣ бо ширкати маъруфи Амрико- Ралф Лорен» қаноатмандем».