Дар Мӯъминобод ягон нафар бекор нест
Бино ба гуфтаи Талб Азизов, сардори идораи омори ноҳияи Мӯъминобод, дар ин минтақа ягон нафари бекор набудаст.
Гуфта мешавад, дар ноҳия 47600 нафар қувваи қобили меҳнат ба сар мебаранд. Аз ҳамин инҳо 2562 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, танҳо 1470 нафар расман барои ба кор таъмин гаштан, ба идораи шуғли меҳнат муроҷиат кардаанд.
Зимнан, ба 741 нафар унвон мақоми бекор дода шуда, онҳо соле як маротиба кӯмакпулӣ мегиранд.
Дар ҳамин ҳол Азизов мегӯяд, инҳо ҳам бекор нестанд ва ниёз ба гирифтани статуси бекориро надоранд: «Вале ба хотири гирифтани маблағи ҷудошуда барои бекорон инҳоро номнавис кардаем. Вагарна, касе дар ноҳияи мо бекор нест».