Ба ДДТТ то имрӯз 2830 нафар ҳуҷҷат супоридаанд. Нақшаи қабул ҳамагӣ 1210 аст
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино 560 ҷойи буҷавӣ барои довталабон ҷудо карда шудааст.
Убайдулло Қурбонов, ректори ин муассисаи таҳсилоти олӣ мегӯяд, ҳамасола 540 ҷой мавҷуд буд, аммо имсол 20-тои дигар аз ҳисоби гурӯҳи шартномавӣ изофа гардид: «Канӣ он довталаби босаводу дониш ва боғайрат, ки омада ҳуҷҷат супораду таҳсил кунад?»
Ба гуфтаи Убайдулло Қурбонов мувофиқи нақшаи қабул 1210 донишҷӯ қабул карда мешавад, ки аз ин миқдор, 560 ҷойи буҷавӣ ва 640 ҷойи шартномавӣ мебошад.
Гуфта мешавад, аз ин 150 ҷойяш барои мамлакатҳои хориҷӣ мебошад.
Қурбонов афзуд: «Ин ҳам ифтихори донишгоҳ мебошад, ки зиёда аз 500 нафар шахсони хориҷӣ аз 15 мамлакати дунё мебошад»
Ба ҷойҳои муқарраршуда то 25-уми июли соли равон ба Комиссияи қабули донишгоҳ 2830 нафар ҳуҷҷат супориданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 400 нафар зиёд мебошад.