Ню-Йорк: «Хоруғ, Тоҷикистон дар қалбу дидаи мо ҳастед»
«Ман мехоҳам овози модарамро шунавам».
Ин яке аз он шиорҳое буд, ки дирўз дар маркази шахри Ню-Йорк, дар рў ба рўйи бинои СММ бо иштироки бештар аз 50 тан бадахшониёни муқими Амрико дар як ҳамоиши эътирозӣ вобаста ба вазъи сангину муҳосираи иттилоотӣ ва хунрезиҳову ноамнӣ дар маркази вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон баланд мешуд.
Дар ин ҳамоиши эътирозӣ, ки аслан донишҷўён ва чанд тан тоҷикистониёни муқими Амрико иштирок доштанд, бо шиорҳои "Мо сулҳро дар Точикистон мехоҳем!", "Ман мехоҳам овози модарамро шунавам!", "Мардуми Бадахшони хоҳони сулҳанд", "Мо қисми ҷудонашавандаи Тоҷикистонем", "Хоруғ, Тоҷикистон дар қалбу дидаи мо ҳастед" тамоми рўз дар назди бинои СММ гирдиҳамоӣ карданд.
Дар ин бора ба хабаргузории Озодагон Акмал Қадамов, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои ИМА иттилоъ дод. Номбурда гуфт, онҳо сар аз 24 июли соли равон наметавонанд, бо хешовандон дар тамос шаванд ва аз аҳволи хонаводаҳои худ бохабар бошанд. Иштирокчиёни ин ҳамойиш ҳамзамон гуфтаанд, ки бо шунидани хабарҳои гуногуни изтиробовар аз тариқи ВАО сахт нигарон буда, талаби ҳарчӣ зудтар барқарор кардани алоқаи телефонӣ бо ин минтақа ва сулҳу оромӣ хастанд.
Ба гуфтаи ин манбаъ, бадахшониёни муқими Амрико ният доранд, ки чунин як намоиши эътирозиро имрўз, 26 июл дар шаҳри Вашингтон дар рўбарўйи сафорати Точикистон низ баргузор намоянд.