Вазир: Хазинаи Оғохон талаботи вазнин пешниҳод кард
Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон ба сифати яке аз сармоягузорони эҳтимолии нерӯгоҳи барқи обии «Санобод» дар ноҳияи Рушони ВМКБ, Хазинаи Оғохонро гуфт.
Аммо ӯ таъкид намуд, ки дар айни ҳол талаботи гузоштаи Хазина дар мавриди Санобод номақбул аст. Шералӣ Гул мегӯяд ҷониби Тоҷикистон хостори тавассути «биотӣ» сохтани ин нерӯгоҳ аст:«Баъди пурра сохтани нерӯгоҳ ва истифодааш давоми як муддати муайян, он бояд ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шавад. Айни ҳол талаботи гузоштаи Хазинаи Оғохон бисёр вазнин аст».
Шералӣ Гул мушаххас накард, ки Хазинаи Оғохон кадом талаботро пеш гузоштаст, аммо таъкид намуд, ки барои сохтмони нерӯгоҳи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа ба Хазина иҷозат додаанд. Вазири энергетика мегӯяд, дар Бадахшон идораи истифодаи барқ дуруст ба роҳ монда шудааст ва бунёди нерӯгоҳи Себзор бо иқтидори 10 мегаватт имкони содиротии барқро аз вилоят ба маротиб зиёд мекунад.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Санобод дар ҳудуди деҳаи Шидзи ноҳияи Рӯшон бо иқтидори 100 – 150 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.