«ТоҷикЭйр» нишастҳои нимароҳиро қатъ кардаст
Исмоил Ғафуров, мудири тиҷоратии ширкати «ТоҷикЭйр» мегӯяд, сар аз моҳи феврал нишастҳои нимароҳиро, ки бо мақсади хариди сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон амалӣ мешуданд, қатъ кардаанд.
Вай нишастҳои нимароҳиро маҷбурӣ гуфта, афзуд, ки барои кам намудани хароҷоти ширкат ва нигоҳдории болоравии нархи чипта амалӣ мешуданд. Ғаффуров таъкид кард, ки хароҷоти сӯзишворӣ дар тайёраҳои русӣ, ки айни ҳол аксари парки техникии «ТоҷикЭйр» - ро ташкил медиҳанд, ҳудуди 60 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамтоёни ғарбиашон 2 маротиба зиёд аст. Дар тайёрҳои ғарбӣ аз ҷумла Боинг ҳиссаи хароҷот барои сӯзишворӣ ба 30 – 32 фоиз баробар аст.
-Ҳамаи парвозҳои ширкати «ТоҷикЭйр» мустақиман сурат гирифта, нишастҳо барои хариди сӯзишворӣ сурат намегиранд,-мегӯяд Ғафуровю
Тибқи иттилои масъулини ширкат дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ширкати «ТоҷикЭйр» 1359 парвоз анҷом дода, ба 227 ҳазор нафар хизмат расондаст. Дар хатсайрҳои байналмилалӣ ширкат 174 ҳазору 800 нафарро интиқол додаст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 4 фоиз камтар аст.
Хароҷоти як рӯзаи сӯзишворӣ дар тайёраҳои ширкат ба ҳисоби миёна 57 тонна арзёбӣ шуда, ҳар тоннаи он ба ивази қариб 2 ҳазор доллари амрикоӣ харидорӣ мешавад.