Ҷаласаи ғайринавбатии ҳукумат вазъи Хоруғро ба баррасӣ гирифт
Шоми дирӯз, 25-уми июл дар Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Ҳукумати ҶТ сурат пазируфт.
Тибқи иттило дафтари матбуотии райисҷумҳур, нишасти мазкур таҳти сарварии президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, дар он масъалаҳои умдаи кишвар, хусусан вазъи кунунии шаҳри Хоруғи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба қавли манбаъ, сараввал гузориши прокурори генералӣ Шерхон Салимзода ва аъзои гурӯҳи ҳукуматӣ Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов оид ба таъмини эътидол дар шаҳри Хоруғ шунида шуд.Баъд аз муҳокимаи нуқтаҳои гузориш аз мардуми шарифи ВМКБ, пеш аз ҳама сокинони шаҳри Хоруғ даъват карда шуд, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гурӯҳҳои ҷинояткор ва таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ бо мақомоти масъули давлатӣ ҳамкорӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки гурӯҳҳои ҷинояткори мусаллаҳ бояд яроқу аслиҳаро супурда, дар назди қонун ҷавоб гӯянд.Ҳам аз роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ ва ҳам мардуми Бадахшон, қабл аз ҳама шахсиятҳои соҳибнуфузи ин минтақаи баландкӯҳ, талаб карда шуд, ки барои барқарор намудани фазои амну субот ва боварии байниҳамдигарӣ ҷаҳду талош намуда, дар пешгирӣ аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аъмоли худсаронаи ғайриқонунии гурӯҳҳо ва нафарони ҷиноятпеша фаъол бошанд.